ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як сокини 34- солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми гирифтани 4 000 доллари амрикоӣ, ки қисме аз арзиши мошинаш аст аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст.
“Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 23 ноябр автомашинаи Mercedess-Benz -ро дар тавқифгоҳи воқеъ дар шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 11 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, аз харидор 4 ҳазор долларро ҳамчун аванс гирифтааст”,- гуфт Шарифӣ.
Котиби матбуоти РВКД Суғд мегуяд, оиди ин ҳолат нисбати дасгир шуда бо моддаи 286, қисми 2 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ)- и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтиши онро прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш мебарад.
Моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ва ё маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо пешбинӣ мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 бо қабули Қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” савдо бо пули хориҷӣ аз ҷумла доллар дар ҳудуди кишварро манъ намудааст.
Аз 1 январ: афзоиши ҷарима, боҷ ва кумакпулӣ дар Тоҷикистон
Масъулини Бонки миллӣ дар шарҳи қабули қонуни мазкур иброз медоранд, ки савдо бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди кишвар, латма ба қурби пули миллӣ мезанад.