Аз ҳамакории тиҷоратӣ то мубориза бо COVID-19: мақомоти Корея ба Тоҷикистон чӣ ваъда дод?

Дар шаҳри Сеул дар ҳошияи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва мулоқот намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвият бахшидани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои мухталиф изҳори умед намуданд.

Раққосони тоҷик ҳунарашонро дар Сеул намоиш доданд

Гуфта шудааст, ки ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.

Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

“Ҷонибҳо ба аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид карданд”, - зикр кардааст манбаъ.

Инчунин, ба иттилои мнабаъ, дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд шудааст, ки дар анҷоми мулоқот дар анҷоми Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барои солҳои 2021-2023 имзо гардид.