Барф, борон ва сардӣ: пешбинии дақиқи ҳавошиносон дар Тоҷикистон

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар минтақаи сардтарини Тоҷикистон то 15 дараҷа сард мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона тағйир ёфта, аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10   дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Барф мебораду меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  9-14 дараҷа  хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҷаласаи ғайринавбатии Ҳакимзода дар пайи барфрезӣ: аз дудмонӣ дар боғҳо то кӯчондани чорво

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Сард: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз  2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши суст борон ва барф дар назар аст. Туман мефарояд.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона  3+5 дараҷа гарм мешавад.