“Запорожетс” 60-сола шуд: гузориши аксӣ

Sputnik

Бо ин мошин мардум латифаҳо эҷод мекарданд, аммо дар маҷмуъ дӯстдорони зиёд пайдо кард. Шакли  ЗАЗ-965 баргирифта аз мошини итолиёвии Fiat 600 мебошад.

Қонуншикании ронандаҳои мошинҳои "крутой" дар Душанбе - навор

Фарқияти асосии "Запорожетс" муҳаррики  V-монанди чорсилиндра буд, ки дар бағоҷгоҳ ҷой гирифта буд. Инчунин чархҳои 13 - дюймӣ дошт.

Қанотҳо тавре ҷойгир шуда буданд, ки барои хунуксозии муҳаррик ҳаво медоданду шишаҳои пешу қафои мошин якхеле буданду метавонистанд якдигарро иваз намоянд.

Маврид ба қайд аст, ки зери тамғаи  "Запорожетс" ду насли гуногуни мошинҳоро тавлид намуданд, ки тайи як муддат ҳамзамон истеҳсол мешуданд.

Тайи солҳои 1960—1969 насли якуми мошинҳои навъи ЗАЗ-965 ва ЗАЗ-965А истеҳсол мешуданд ва аз соли 1966 тавлиди насли дуюми мошинҳо роҳандозӣ шуд, ки то соли 1994 идома дошт.

Таърихи тамғаи "Запорожетс" бо мошини  ЗАЗ 968М анҷом ёфта, мошинҳои навъи баъди корхонаи Запороже тағйири ном карданд.

1 / 12
Президентҳои ИМА ва Русия, Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин мошини "Запорожетс"-ро тамошо доранд
2 / 12
Мошинҳои "Запорожетс"
3 / 12
Мошини "Запорожетс"
4 / 12
Мошини "Запорожетс" ва рӯзгори муқаррарии оилаҳо дар Маскав
5 / 12
"Запорожетс" ЗАЗ-968М ва иштирокдорони ҷашнвораи "Ретрофест" дар Соколники
6 / 12
Мошини "ЗАЗ-965A", ки дар осорхонаи шахсӣ дар Тбилисӣ ба намоиш гузошта шудааст
7 / 12
Мошини ЗАЗ дар ҷашнвонаи "Автоэкзотика"
8 / 12
Владимир Жириновский, раиси ҲЛДР бо мошини "кӯзпушт"-и худ "Запорожетс"
9 / 12
"Запорожетс" дар роҳ миёни БелАЗ-ҳо ва "Волга" дар солҳои 1960-ум
10 / 12
Духтар дар мошин зимни гузашти автомобилҳои классикӣ дар Маскав
11 / 12
Дохили мошини ЗАЗ-965
12 / 12
Мошини "Запорожетс" ЗАЗ-966 дар ҷашнвораи байналмилалии мошинҳо дар Лвов