ДУШАНБЕ, 22 ноябр - Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода ба кишвардори он кишвар Рам Натҳ Ковинд эътимоднома супорид.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома рӯзи 20 ноябр баргузор гардид.
Аз бозе, ки ҳама ҷоро пандемияи коронавирус фаро гирифтааст, аз ин рӯ Бобокалонзода бевосита бо раисҷумҳури Ҳиндустон вохӯрӣ намудан натавонист.
Ализода дар Қирғизистон нусхаи эътимоднома супорид ва масъалаи марзиро баррасӣ кард
Маросими эътимодномасупорӣ низ аз тариқи видео баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, сафири тоҷик дар баробари супоридани эътимоднома, ҳамчунин таманниёти неки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаноби Рам Натҳ Ковинд расонд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва зарфиятҳои то ҳол истифоданашуда имконияти фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳо байни ду кишвар фароҳам меоваранд.