Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC, зимни суҳбат дар бораи нақшаҳояш гуфт, феълан худро дар сиёсати бузург намебинад ва нияти идомаи майдондории касбиро низ надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Нурмуҳаммадов дар мулоқот бо ҷавонон дар Дербент нақшаҳояш барои панҷ соли ояндаро баён дошт.

Дар Доғистон расми Ҳабиб ва падарашро дар девори биное тасвир карданд - навор

Тавре пойгоҳи интернетии Sports.ru гузориш медиҳад, размикори шинохта изҳор дошт, ки ният дорад дар дар Донишгоҳи иқтисодии ба номи Г. В. Плеханов, ки феълан дар бахши ғоибона таҳсил дорад, соҳиби маълумоти олӣ шавад.

“Соли оянда ман хатм мекунам, мехоҳам дипломро ҳимоя кунам, сипас магистратура ва ҳамин тавр бештари вақтро дар панҷ соли оянда барои таҳсил ҷудо намоям”, - изҳор дошт қаҳрамон.

Нурмуҳаммадов ҳамчунин аз тиҷоратҳояш дар бахши хоҷагии қишлоқ гуфтааст.

“Ман гӯсфандон харидам, ба хоҷагии қишлоқ машғулам, мехоҳам дар ин бахш низ кам-кам рушд намоям. Буқаҳои гӯштдеҳ ва говҳоро дорам. Дар сатҳи ҷаҳонӣ нест, аммо дар бахши варзиш ҳам замоне аз тамрин оғоз карда будам”, - илова намуд Нурмуҳаммадов.

Ба Ҳабиб "Қаҳрамони Русия"-ро доданианд: чаро ҳама мухолифанд?

Размикор таъкид намудааст, ки дар айни замон худро дар сиёсати бузург намебинад.

“Мехоҳам дар бахше  фаъол бошам, ки фоида расондан метавонам, шарт нест, ки ҳатман сиёсати бузург бошад. Айни ҳол метавонам муфид бошам, гарчанде сиёсатмадори калон нестам, ин барои ман басанда мебошад”, - таъкид намуд Нурмуҳаммадов.

Қаҳрамон бори дигар изҳор дошт, ки нияти идомаи майдондории касбиро надорад.

“Мешвад то 40-солагӣ ҳам сабқат кард, аммо бояд ҳадафе бошад. Мақсади ман раисдан ба қулла буд, ки расидам. Дигар он ҷо ҳавасмандии рақобатро надорам”, - изҳор дошт Ҳабиб.

Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бо бар Ҷастин Гетҷӣ, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.