ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Навҷувонов, баландтарин мақомдори ВКД дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, ки дар пайи иҷрои дастури раисиҷумҳур ба иқдоме даст задааст, ки то ҳанӯз дар миёни мансабдорони баландмақом камназир аст.
Камолиддин Ҳазратзода, як масъули Комиссариати ҳарбии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал Навҷувонов ба ҳисоби писараш, се тан аз пайвандонашро, барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар намуд.
“Навҷувонов писар ва ду ҷиянашонро ба бинои Комиссариат оварда гуфтанд, ки инҳо омодаанд, ки барои ҳифзи Ватан ба хизмат раванд. Ҳатто таъкид карданд, ба кадом қисми ҳарбии кишвар лозим бошад, фиристонед”, гуфт Ҳазратзода.
Бино ба иттилоъи манбаъ, Шервон Навҷувонов писари 25 солаи генерал Навҷувонов буда, хатмкардани Донишгоҳи байналимилалии тиҷорати кишвари Чин аст. Амакбаччаву холабачаҳои Шервон, Беҳзод Хиёловичи 22 сола ва Муйис Илназарови 22 сола ҳарду ҳам хатмкардаи донишгоҳи олӣ ҳастанд. Ин се узви хонаводаи Навҷувоновҳо, дар поёни моҳи октябр ба қисми низомии 6592 барои адои хизмати сарбозӣ фиристода шудаанд.
Манобеъ аз Комиссариати ҳарбии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ, шуморе аз афроди мансабдор аз ҳисоби кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумат дар шаҳру навоҳии вилоят, барои ба хизмат рафтани фарзандонашон ташаббус нишон додаанд, аммо аз шарҳи бештари иттилоъ дар бораи ному насаби мансабдорон худдорӣ варзиданд.
Соли гузашта дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Сарафроз Музайянов, писари полковник Ҳилол Музайянзод, комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом низ ихтиёрӣ ба хизмати сарбозӣ рафта буд. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон аст.
Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо хабарҳо дар расонаҳо дар бораи “облава” ё “сарбозшикор” нашр мешаванд.
Масъулин сарпечии ҷавонон аз хизмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ таъкид мекунанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту чаро писарони афроди мансабдор аз хизмат парҳез мекунанд? Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар ҷараёни маъракаи даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад.
Таъкиди Президент дар бораи мансабдорон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.
Президент зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.
“Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.
Иҷрои нақшаи даъват пеш аз муҳлат
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои саддарсадии нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ хабар дод.
Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофияи кишвар рӯзи 12 ноябр гуфт, ки “нақшаи даъвати сарбозон ба Артиш алакай пеш аз муҳлат 100% иҷро шуд”.
Мавсим даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз ёфта то санаи 30 ноябр муқаррар шудааст.
Фармони раисиҷумҳур моҳи сентябри соли 2020 дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ имзо расида буд.
Абдулло Навҷувонов кист?
Генерал – майор Абдулло Навҷувонов 10 июли соли 1965 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми донишгоҳи риштаи ҳуқуқшиносӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар сафи мақомоти милитсия аз соли 1991 оғоз намудааст. То ин дам дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумла муовини сардори шуъбаи РКД и ВМКБ, сардори ШКД, сардори ШКҶ РКД и ВМКБ фаъолият бурдааст.
Як муддат дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, баъдан сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилии кишвар фаъолият намудааст.
Генерал-майор Абдулло Навҷуовнов бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аз 24 январи соли ҷорӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Ӯ дорои Ордени “Спитамен” дараҷаи 2 ва медали “Хизмати шоиса” мебошад.