ДУШАНБЕ, 16 Ноябр - Sputnik. Дар яке аз дармонгоҳи Ҳиндустон роботҳое пайдо шудаанд, ки дар мубориза алайҳи коронавирус ба табибон кумак мерасонанд, хабар медиҳад CNN Business.
Шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сирояти коронавирус дар ин кишвар ба 9 миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, баъзе беморхонаҳо ба истифодаи роботҳо барои пайвастани беморон бо наздикон ва кӯмак ба кормандони соҳаи тандурустӣ дар минтақаҳои сурх шурӯъ карданд.
Воҳимаи мардуми Ҳиндустон пас аз дастури Норендра Модӣ бобати коронавирус – акс, навор
Ширкати маҳаллии Invento Robotics се роботро барои иҷрои вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, дезинфексия, посух додан ба саволҳои беморон ва гузаронидани машваратҳои видеоӣ бо табибон ихтироъ намуданд.
Модели маъмултарин Mitra ном гирифтааст, ки маънояш ба забони ҳиндӣ "дӯст" аст. Он тақрибан 10 ҳазор доллар арзиш дорад. Ин робот метавонад номҳои беморонеро, ки бо ӯ муомила кардааст, "ба ёд биёрад".
Робот мустақилона дар атрофи беморхона ҳаракат карда, ба беморон дар муошират бо аъзои хонаводаи онҳо ва ҳамчунин бо табибон тавассути камераҳо ва экрани видеоӣ кӯмак мекунад. Mitra метавонад ҳамшира ё ёрдамчии духтур бошад, ва ба беморон аз истеъмоли саривақтии доруҳояшон хотиррасон кунад.
Дар наворҳо дида мешавад, ки беморхонае дар шаҳри Нойда ду роботро истифода мебарад, ки яке дар даромадгоҳ нишонаи COVID-19 - ро дар беморон месанҷад ва дигаре дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.
Робот метавонад вазъи беморонро дар дохили беморхона ба пайвандони онҳо нишон диҳад.
Манбаъ меафзояд, хизматрасонии робот ба беморон ниҳоят писанд аст.