Русгароёни эстонӣ ҷосусони Кремл будаанд

Эҳтимол дорад, раъйпурсӣ дар бораи оила, ки тибқи қарори комиссияи интихоботӣ бояд 25 апрел дар Эстония баргузор мешуд, ба дигар вақт гузаронида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik, Ирина Алкснис. Сабаб расмӣ - техникӣ. Тибқи қонунгузории ҷадид, то он замон бояд рӯйхати электронии интихобкунандагон тартиб дода шавад, то овоздиҳанда тавонад аз нуқтаи дилхоҳ ва танҳо як маротиба овоз диҳад.

Эҳтимол дорад, ки то замони муқарраршуда, низоми нав роҳандозӣ нашавад ва қонунӣ баргузор шудани раъйпурсӣ таҳти аломати савол мемонад. Мақомоти дахлдор пешниҳод доранд, ки барои алтернатив авохири моҳи май замони дигари баргузории раъйпурсӣ бошад.

 Черишева: Мавқеи Аврупо нисбати Sputnik Эстония – хомӯшии ҷиноист

Аммо гумон меравад, ки паси мушкилоти техникӣ дигар ангезаҳои нисбатан муҳими сиёсӣ меистад, ки бо плебиссити дарпешистода мақомоти кишвар дар вазъияти хеле нохуш қарор гирифт.

Се ҷумҳурии Балтика, дар арсаи байналмилалӣ, нақши пешакӣ муайяншудаи худро ҳамчун хатти аввали дифоъ аз Русияи даҳшатнокро иҷро мекунанд. 

Ба хотири ҳамин, бархе аз гуноҳҳояшон аз ҷумла - миллатгароӣ чун сиёсати давлатӣ, бахшида мешавад.

Вале ногаҳон маълум шуд, ки дар дили давлати Эстония ғояҳои ғайри қобили қабул алалхусус ҳамҷинсгароӣ сабзида ва қувват гирифтаааст.

Ҳанӯз соли 2014 дар кишвар қонун "Дар бораи ҳамзистӣ" қабул гардид, ки ба ҳамсарони ҳамҷинс иҷозат медод, ба истилоҳ ҳамзист шаванд. Пас аз якчанд сол, аввалин фарзандхондии ҳамҷинсгаро сурат гирифт.

Имсол президент Керсти Калжулаид аз ҷониби ҷомеаи маҳаллии ЛГБТ ҷоизаи "Қаҳрамони рангинкамон" - ро  дарёфт кард. Моҳи август бошад, нависанда Микк Пярнитс барои аз байн бурдани таҷовуз бо мукоофти давлатӣ қадрдонӣ шуд. Ҳодисаи охир ҷомеаи Русияро низ шокӣ кард, вақте нависанда ба маросими ҷоизасупорӣ бо пироҳани гӯлобӣ, туфлиҳои пошнабаланд ва гӯшвораҳои ҳалқа ҳозир шуд. Зимни суханронияш бошад, нависанда изҳороти дар доираи либералҳо мудро - "хонаводаи анъанавӣ  - хатарноктарин макон барои кӯдак аст", - ироа кард.

 "Озодии сухан дар Эстония - таҳдид ба ВАО" Черишева дар бораи вазъи Sputnik Эстония

Аммо ногаҳон ретроградҳо, ки дар сохторҳои қудратӣ кам набудаанд, ба ҳамла гузаштанд.

Қувваи асосии пешбарандаи ин фикр Ҳизби консервативии халқӣ гардид. Ин ташкилот бо русгароӣ ва миллатгароӣ машҳур аст. Аз ҷумла мақсади аслии хешро ин созмон дар бозгардонии шаҳри Иван ва Печор, медонад. 

Ҳарчанд ҳизб ба узвияти эътилофи ҳоким дохил шавад ҳам, баргузории раъйпурсӣ маҳз аз ҷониби онҳо пешниҳод шуд, ки дар он шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд тасмим бигиранд, ки издивоҷ танҳо иттиҳоди як мард ва зан аст ё мафҳуми васеътар.

Зиёда аз ин асосгузори ин ҳизб ва вазири пешини корҳои дохилии Эстония - Март Ҳелме чанд изҳорот кард, ки аз гӯшҳои либералҳо ҳатто дуд баромад. Масалан ӯ гуфт: "бигзор ҳамҷинсгароёни норозӣ ба Шветсия фирор кунанд".

Ногуфта намонад, ки ба ин изҳороти баланд нигоҳ накарда, он замон вазир курсиашро нигоҳ дошт. Ӯ вазифаашро чанде пеш аз даст дод. Дар пасманзари изҳороташ, ки гуфт: "ҳеҷ шакке нест, ки интихобот дар ИМА тақаллубкорӣ шудааст" ва ҳатто Ҷо Байденро як мансабдори фасодзада номид. Барои чунин таҳқир ӯ бахшида нашуд.

Вале, ин мушкилоти раъйпурсиро барои мақомоти Эстония кам намекунад.

 Назари эстониҳо: боздошти фаъолияти Sputnik Эстония – сензура аст

Ҷамъиятшиносӣ бешубҳа аз ҳукмронии ретроградҳои нотаҳаммулпазир дар ҷомеаи Эстония шаҳодат медиҳад, ки ба сабаби он "симои кишвар (ки аз оғози солҳои 90-ум сохта мешавад - шарҳ аз идора.) хароб мешавад".

Имрӯз, дар ҷумҳурӣ сафарбаркунии тамоми нерӯҳои либералӣ - сиёсатмадорон ва ходимони ҷамъиятӣ, олимон ва шахсиятҳои машҳури маҳаллӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо бо саъйи муштарак бояд дар ҷараёни маъракаи васеъ аҳолиро ба тарафи худ кашанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки дар давоми як моҳи дигар, маъракаҳои таблиғотӣ барои ба мақсад расидан ба онҳо кумак мекунанд.

Нисбати ҳизби консервативӣ ва шахсан Март Ҳелме, аллакай шубҳаҳо ҳаст - онҳо русофобҳо буда, дар воқеъ манфиати аҳолии русзабонро ифода мекунанд. Хуб, аз ин ҷо аллакай то муттаҳам кардан ба кори мустақим бо Маскав як қадам аст. Гузашта аз ин, собиқ роҳбари Вазорати корҳои дохилӣ, дар баробари зарба задан ба ҳамҷинсгароён, Владимир Путинро "ситоиш" кард ва ӯро "прагматик" номид.

Айбҷӯён бояд на ба шарқ, балки ба тарафи дигар нигаранд: ба он ҷое, ки мақомоти Лаҳистон ва Маҷористон хатти худро пайваста мекашанд, ки аз меъёрҳои либералӣ хеле дур аст. Эҳтимол дорад, ки Март Ҳелм ва шарикони ӯ аз онҳо илҳом гирифтаанд.

Ҳамзамон, барои Урупо ва Иёлоти Муттаҳида, шояд ин кор ҳатто аз даст доштани Кремл ба ҳама чиз ҳам, бартарин вариант бошад. Зеро агар дар Балтика эҳсосоти "агар Варшава ва Будапешт инро карда метавонанд, мо низ метавонем", маънои онро дорад,  дурнамои дастаҷамъии Ғарб ҳатто аз он ҷо хира ба назар мерасад.