Ҷавод Зариф ба кишварҳои ҳамсоя: Трамп меравад Эрон мемонад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ба ҳамсоягон, сохти ояндаи беҳтарро дар канори якдигар хостор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф бомдоди Душанбе дар саҳифаи Твиттери худ дар паёме ба кишварҳои ҳамсоя навишт: "Паёме содиқона ба ҳамсоягонамон: Доналд Трамп 70 рӯзи дигар меравад, аммо мо ҳамеша ин ҷо мемонем.", иттилоъ хабаргузории ИРНА.

Изҳори ҳамдардӣ: сафири Эрон дар Тоҷикистон ба сафорати Афғонистон рафт

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёми худ афзудааст: "Гарав гузоштан ба хориҷиён барои амнияти минтақа ҳеҷ гоҳ қимори хуб нест." 

Мақомоти Эрон барои пешгирӣ аз вируси корона дар 25 остон маҳдудиятҳои ҷадид ҷорӣ кард

Зариф таъкид кард: "Мо дасти худро ба ҳамсоягонамон барои гуфтугӯ барои ҳалли баҳсҳо дароз мекунем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ояндаи беҳтарро барои ҳама созем."

Қаблан вазири умури хориҷаи Эрон дар як Твитти дигар ба забони арабӣ низ чунин паёмро ба ҳамсоягони Эрон фиристода буд.