Боз як амали террористӣ дар Кобул: миёни ҷонбохтагон хабарнигори маъруфи афғон

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани се ғайринизомӣ бар асари як таркиши бомб дар шаҳри Кобул хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Фирдавси Фаромарз, сухангуи полиси Кобул эълом кард, ки бомби магнитӣ субҳи имрӯз, шанбе дар масири худрав дар минтақаи Макруриён аз тавобеи ҳавзаи аввали амниятии шаҳри Кобул таркид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Изҳори ҳамдардӣ: сафири Эрон дар Тоҷикистон ба сафорати Афғонистон рафт

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи амниятии афғон гуфт, ки Юмо Сиёвуш, аз гардонандагони пешини яке аз шабакаҳои хусусии Афғонистон ва хабарнигори маъруфи афғон низ дар миёни ҷонбохтагони ин таркиш аст.

То кунун шахс ё гуруҳе масъулияти ин таркиши террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди таркишҳои паёпай буда, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷо гузоштааст.

Бархе аз ин таркишҳоро гуруҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ва бархе дигарро гуруҳи террористии ДОИШ (мамнуъ дар қаламрави Русия) бар ӯҳда гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гуруҳи Толибон дар Қатар ҳамчунон бидуни натиҷа идома дорад.