Боздошти 13 полис дар Афғонистон вобаста парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул

13 нафар аз фармондеҳон ва нерӯҳои полиси Афғонистон ба иттиҳоми кутоҳӣ дар таъмини амнияти Донишгоҳи Кобул боздошт шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Фирдавси Фаромарз сухангӯи пулиси Кобул гуфт, 13 нерӯи полис, аз ҷумла фармондеҳи полиси ҳавзаи сеюми амниятӣ ва мудири мубориза бо ҷароими ҷиноии ин ҳавза ба иттиҳоми кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа барои таъмини амнияти донишгоҳи Кобули боздошт ва ба додситонии низомӣ муаррифӣ шуданд, иттилоъ додааст бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон.

Ҷанги хунини "Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: чанд кас қурбон шуданд

Донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобули ахиран ҳадафи ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ қарор гирифт, ки ин ҳодиса пас аз шаш соати даргирӣ бо кушта шудани се террорист поён ёфт.

Бархе манобеи амниятӣ гуфтаанд шумори талафоти ин ҳамла ба 35 нафар ва захмиҳо ба 25 нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳарчанд масъулияти ин ҳамларо ДОИШ (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бар ӯҳда гирифт, аммо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашрафи Ғанӣ таъкид кардааст, ки Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия) масъули ин ҳамла ва гурӯҳи террористӣ ҳаққонӣ низ тарроҳи он будааст.

Ҳамла ба Донишгоҳи Кобул хашми мардум ва мақомоти Афғонистону мақомоти беш аз чиҳил кишварро барангехтааст.