Дар наздикии каниса шабона марде ба ҷониби сокинон оташ кушод ва сипас худро тарконид.
Дар як вақт бо ин ҳодиса, дар дигар ноҳияҳои Вена чанд ҳамлаи дигар анҷом дода шуд. Аз ҷумла террористҳо ба ресторан ва маркази яҳудиён дарафтоданд.
Бино бар иттилои расмӣ, чанд ҳамлаовар муштариёни як қаҳвахонаро асир гирифтанд.
Мақомоти Австрия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан дар хонаҳояшон монанд.
Феълан, дар бораи 7 қурбони ҳодиса ва даҳҳо ҷабрдида хабар дода мешавад.
Инфиҷор дар Вена: навори бозҷӯии ҷангҷӯён - видео
Дертар ВКД Австрия гузориш дод, ки ҳамлаҳоро террористи ДОИШ (ташкилоти террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) анҷом додааст.