Мақоми Сомону Беҳрӯз ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо маълум шуд

Сомон Маҳмадбеков бо касб кардани 3 202 хол дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо дар мақоми 14 қарор гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Федератсияи ҷаҳонии дзюдо  (IJF) феҳристи варзишгарони ҷаҳонро дар шакли радабандӣ ба нашр расонид, ки миёни дзюдочиёни ҷаҳон 3 паҳлавони шинохтаи тоҷик низ ҷойгиранд, хабар медиҳад Агентии Ховар бо такя ба маълумоти Федератсияи дзюдои Тоҷкистон.

Президенти Федератсияи дзюдо замони аз сар гирифтани мусобиқаҳоро эълон кард

Ба иттилои манбаъ,миёни паҳлавонони вазни -73 кг Сомон Маҳмадбеков мақоми 14-умро соҳиб шуда, 3202 хол ба даст овардааст.

Дар ҳамин вазн дар мақоми 16-ум паҳлавони дигари тоҷик Беҳрузи Хоҷазода ҷой гирифтааст. Ӯ соҳиби 2708 имтиёз мебошад.

Аз Порис ба Олмон: иштироки 11 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо

Варзишгари  дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён бо 2024 имтиёз дар мақоми 25-уми вазни то 90 кг қарор дорад.

Ба ғайр аз ин се нафар паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо 1821 имтиёз мақоми 28-умро касб кардааст.

Хотиррасон  мешавем, ки радабандии нави дзюдои ҷаҳонӣ баъди баргузории Grand Slam-и Будапешт сурат гирифт, ки  он 23-25  октябри соли равон баргузор гардида буд.