Биноҳои фурӯрафта ва хиёбонҳои зери об монда: Туркия ва Юнон пас аз заминҷунбӣ - акс

Sputnik

Заминларзаи 7 - балла, ки Измири Туркияро такон дод, шиддати он то ба Юнон расид.

Машина под обломками разрушенного дома после землетрясения в Турции
Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард

Бар асари ин офати табиӣ тибқи маълумоти ахир дасти кам 42 нафар қурбон шуда, беш аз 800 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ҷазираи Самоси Юнон пас аз заминларза зери обхезии шадид монд.

Душанберо заминларза такон дод

Дар Измиру Юнон чандин бинову иншоотҳо ба замин яксон шуданд. Аз ҷумла, як қисмат бинои калисое дар Юнон ба замин рехт.

Наҷотбахшон дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ то ҳол дар зери овораву харобаҳо захмиёну қурбониёнро ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар робита ба ин офати табиӣ аксари кишвардорон ба президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд.