Аз заминҳои камҳосил то нархи баланди чорвою камширии говон: баҳси сиёсати аграрӣ

Дар Душанбе вакилону роҳбарони  вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ”-ро таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим баррасӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни муҳокимаи лоиҳаи қонун зикр гардидааст, ки тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи ҳосилнокии зироат ва маҳсулнокии чорво барои баланд бардоштани даромаднокӣ мусоидат намекунанд.

Дар Тоҷикистон давоми сол беш аз 20 корхонаи ватанӣ ба кор шурӯъ кард

"Масалан, ҳосилнокии ғалладона ба ҳисоби миёна дар 5 соли охир дар сатҳи 28-сентнерӣ аз ҳар гектар, пахта 18,6, картошка 208, сабзавот 251,4 ва мевагиҳо 40,2-сентнерӣ қарор доранд. Ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов ба 1706 килограмм баробар мебошад", - афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, на ҳама вақт  маълумоти таҳлилӣ оид ба вазъи бозори аграрии мамлакат сари вақт пешниҳод мегарданд, ки барои танзими он зарур мебошанд.

Зикр шудааст, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо нархи паст харидорӣ шудани маҳсулоти соҳа, масалан пиёз аз 30 то 50 дирам, картошка 1,5 -1,8 сомонӣ,  болоравии нархҳои маҳсулоти чорвою паранда дар бозорҳои дохилӣ масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли худро талаб мекунанд, - мегӯяд манбаъ.

Зимни нишаст зикр шудааст, ки сатҳи дастгирии давлатии соҳа низ ба талаботи пешбурди соҳа мусоидат намекунад.

"Дар натиҷа дар соҳа муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ ба миён омада, заминистифодабарандагони дуюм ва сеюмдараҷа сиёсати истифодаи заминро муайян мекунанд, ки ин яке аз сабабҳои зуд  — зуд тағйирёбии нархҳо мебошад. Ин ҳолат ҳамчунин сабаби аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои замин, бад гаштани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ  гардида истодааст", - таъкид кардаанд, ҳозирин.

Ғайр аз картошка: дар Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Таъкид шудааст, ки ҳоло ҳалли масъалаҳои ташаккули сохтори институтсионалӣ, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, якҷояшавии (интегратсияи) онҳо бо корхонаҳои коркарду шабакаҳои савдо, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар бозори фурӯши маҳсулот, дастгирии давлатии соҳа ва дигарҳо таваҷҷуҳи махсус талаб менамоянд.

Гуфта шудааст, шароити феълии ҷаҳони афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ватаниро талаб мекунад ва Тоҷикистон имкони табиии афзун намудани озуқавориро дорад.

Хатлон ба 9 давлати хориҷӣ беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард

"Танҳо зарур аст, ки ҷойгиронии саноати хурокворӣ ва ташаккули низоми логистикӣ, яъне дар сатҳи баланд пешгирӣ намудани талафи маҳсулоти соҳа, дастгирии устувори давлатии соҳа ва дигар масъалаҳо ҳалли худро ёбанд", - мегӯяд манбаъ.