Пусухи Путин ба иттиҳомоти номзадҳои президентӣ дар ИМА алайҳи Русия-навор

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба иттиҳомоти номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури ИМА посух дод, ки чун анъана дар бадбахтиҳо Русияро гунаҳкор карданд
Sputnik

Дар арафаи интихобот изҳорот алайҳи Русия аз ҷониби ҳарду номзад тақрибан ҳамарӯза садо медиҳанд. Павел Зарубин, рӯзноманигор аз Владимир Путин хост, эроди номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури ИМА алайҳи Маскавро шарҳ диҳад.

Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

Масалан номзад ба президентӣ, Ҷо Байден изҳор дошт, ки Русия куштори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро маблағгузорӣ мекунад.

Владимир Путин ин изҳоротро тааҷҷубовар хонд, чун ҳанӯз тобистони соли равон ин иттилоъро дар сатҳи олӣ дар ИМА рад карда буданд ва худи Толибон* низ таъкид намуданд, ки ин маълумот воқеият надорад.

“Сарфи назар аз ҳама, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон барои эътидол дар ин кишвар хизмат мекунад”, - гуфт Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълии ИМА низ аз сангзанӣ алайҳи Русия худдорӣ кардан натавонист. Ӯ аз муносиботи молиявии Русия бо писари Байден гуфт, ки гӯиё тариқи ҳамсари собиқ шаҳрдори Маскав, марҳум Юрий Лужков роҳандозӣ шудаанд.

Путин гуфт, тафсилоти робитаҳои тиҷоратии Елена Батуринаро пайгирӣ накарда, ҷузъиёти кори Хантер Байден дар Украинаро низ намедонад.

*созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон