"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғистонӣ соли 2018 бо рақиби ирландии худ Конор Макгрегор вориди майдони рақобат шуд ва ӯро аз тариқи буғӣ кардан, мағлуб намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Конор Макгрегор, размикори ирландӣ муҳорибаи ахири Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷиро баҳогузорӣ кард. Конор дар сафҳаи Твиттери худ муҳорибаи ин ду размикорро "рақобати олиҷаноб" арзёбӣ намуд.

"Баромади олиҷаноб. Ман коратро минбаъд давом медиҳам. Бори дигар дар робита ба даргузашти падарат ба худ ва аҳли пайвандонат изҳори тасаллият мекунам", - навиштааст размикори ирландӣ.

Ёдовар мешавем, ҳанӯз соли 2018 Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо рақиби ирландии худ Конор Макгрегор муҳориба орост ва ӯро аз роҳӣ буғӣ кардан мағлуб намуд.

Ин навбат низ, Ҳабиб рақиби худро айнан бо ҳамин усул шикас дод ва сипас эълон кард, ки ин муҳорибаи охирони ӯ буд ва UFC - ро комилан тарк мекунад.