ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Маоши кормандони бахши хадамоти молиявӣ, бонкҳо 3 ҳазору 362 сомониро ташкил медиҳад, хабар дод “Авеста” бо такя ба Ожонси омори назди раисиҷумҳур.
Манбаъ афзуд, ки музди меҳнат дар бахши истихроҷи маъдан ба 2 ҳазору 414 сомонӣ баробар аст.
Маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд, ки 553 сомониро ташкил медиҳад.
Маош дар бахши сохтмон 2 ҳазору 382 сомонӣ, соҳаи таъминоти барқу об беш аз 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба 1 ҳазору 256 сомонӣ баробар шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки музди воқеӣ бо назардошти таваррум дар моҳи август нисбат ба июл 0,5 дарсад коҳиш ёфтааст.