Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд

Ҳукумати Ӯзбекистон барои рушд ва таҳкими забони ӯзбекӣ дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ барномаҳои ҷадид роҳандозӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Аз моҳи апрели соли оянда мақомдорони Ӯзбекистон, ки вазифаи раҳбариро бар дӯш доранд вазифадор мешаванд, дар бораи сатҳи забондонии худ шаҳодатнома гиранд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати адлияи кишвар хабар медиҳад.

"Оғоз аз 1 апрели соли 2021 сатҳи ҳайати роҳбарикунанда барои коргузории расмӣ бо забони давлатӣ муайян карда мешавад ва барои муйян кардани сатҳи забондонии раҳбарон шаҳодатномаҳо ҷорӣ мешаванд ", - омадааст дар хабарнома.

Тарҷумаи девони Камоли Хуҷандиро ба забони ӯзбекӣ ба муносибати 700-солагии шоир

Ин тадбир дар доираи консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар паёмаш гуфт, забонҳои хориҷиро омӯзед, аммо ба забони модарӣ арҷ гузоред

Ҳуҷҷати мазкур бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекситон Рӯзи забони ӯзбекӣ таҷлил шуд. Шавкат Мирзиёев мардуми ҷумҳуриро бо санаи таърихӣ табрик гуфт ва ёдовар шуд, ки имрӯз бо забони ӯзбекӣ тақрибан 50 миллион нафар сухан мегӯянд ва ин ифодагари ба яке аз забонҳои паҳншудаи ҷаҳон табдил ёфтани он мебошад.

Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Президент таъкид кард, ки имрӯз дар назди аҳолӣ вазифаи масъулиятнок яъне, рушди забони ӯзбекӣ, таҳкими минбаъдаи нақш ва нуфузи он ҳамчун забони давлатӣ истодааст.