Ҷавон аз Осиёи Марказӣ, ки "дар яке аз биноҳои ҳукумати Маскав қасди амалӣ кардани ҳамлаи террористиро доштааст", рӯзи 22 октябр дастгир шуд.
Бино бар хабари расмӣ, гумонбаршаванда бо фарони ҷангҷӯён нақша доштааст, бо гузоштани бомб яке аз биноҳои ҳукуматиро тарконад.
Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт
Аз навор дида мешавад, ки ҷавон дар ҷангал боздошт шудааст. Дар махфигоҳи ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгоҳҳои худсохти тарканда пайдо кардаанд.
Дар баробари ин гуфтугӯи ӯ бо ҷангҷӯён ва дастур барои омода кардани бомб ва навори савгандёдкунии гумонбар ба пешвои ҷангҷӯён дарёфт шудааст.
Қайд мешавад, ки ҷавон соли 1999 ба дунё омадааст. Пас аз таркиш дар Маскав ӯ нақша доштааст ба Ховари Миёна бозгардад ва дар сафи террористон биҷангад.