Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Маҳмадбековҳо дар "Тоскулоҳи бузурги Осака - 2019": яке довталаб, яке мухлис

Қаблан дар назар буд, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва ҳоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.