"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3

Кремл изҳороти ИМА дар бораи созишномаи СНВ-3 - ро шарҳ дода қайд кард, ки равобит барои суботи стратегӣ бо ИМА идома хоҳанд дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар суҳбат бо радиои Sputnik, сиёсатшинос Константин Блохин гуфт, гуфтушунид бо кадом сиёсатмадор дар ин бобат осотар хоҳад буд.

Гарчанде ҷониби Амрико аз пешниҳоди Владимир Путин дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3 ба муҳлати як сол даст кашид, Маскав умед дорад, ки алоқа бобати суботи стратегӣ ва тамдиди созишномаи СНВ-3 идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Ҷо Байден ваъда дод, ки иқтисоди ИМА-ро нобуд месозад

Пештар Қасри Сафед изҳор дошт, ки аз пешниҳоди Путин барои тамдиди созишномаи ҷорӣ барои як сол, бидуни шарту шароити пешакӣ даст мекашад.

"Мо умед дорем, ки ба ҳар ҳол, равобит бо ҷаниби Амрико идома хоҳад ёфт. Дар умум, албатта чуноне президент гуфт, тамдиди ин созишнома имкон медиҳад, ки вақт, ҳамин 12 моҳро барои гуфтушуниди ҷиддӣ оиди масоили назорати силоҳ, аз худ кунем", - гуфт Песков.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки маҳрум кардани тамоми ҷаҳон аз ин "санги асосии субот ва амнияти ҷаҳонӣ" оқибатҳои хеле харобиовар хоҳад дошт.

"Барои ҳамин, албатта мо мехоҳем аз ҳамтоёни амрикоиямон омода будан барои тамдидро бишнавем", - қайд кард сухангӯи президент.

Ба гуфти ӯ, айни ҳол дар ин самт ягон пешравӣ дида намешавад. Вале чунин ҳолат маънои онро надорад, ки "равобитро пурра бояд қатъ кард".

Корманди илмии Маркази таҳқиқотии амнияти АИР, сиёсатшинос Константин Блохин дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, тақдири ин созишнома аз он вобаст аст, ки дар интихоботи дар пешистодаи ИМА, кӣ пирӯз мешавад.

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - видео

"Намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар навбати аввал Чинро бад мебинад ва СНВ-3 - ро бо Чин пайванд медиҳад. Дуюм, Ҳизби Ҷумҳурихоҳон кӯшиш дорад, назорати яроқро нобуд созад. Ёдрас мешавам, ки дар аҳди Ҷорҷ Буши хурдӣ, амрикоиҳо аз созишномаи ПРО баромаданд, худи Трамп созишнома оид ба мушакҳои дурпарто ва Созишнома оид ба осмони кушодро бекор кард. Агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, эҳтимои баромадан аз созишномаи СНВ-3 хеле зиёд аст , - гуфт Блохин.

Коршинос мегӯяд, агар намояндаи демократҳо Ҷо Байден пирӯз шавад, эҳтимоли тамдиди созишнома вуҷуд дорад.

"Чун анъана, ҳизби демократҳо тарафдори он аст, ки дар мавзӯи суботи стратегӣ бо ҷониби Русия гуфтушунид кунад. Ёдовар мешавам, ки маҳз дастгоҳи Обама ҳамроҳ бо Дмитрий Медведев созишномаи ҷориро имзо карда буданд. Вале, сарфи назар аз он, ки кӣ президент мешавад, бастани созишнома дар давоми чанд моҳ номумкин аст. Барои ҳамин бояд кӯшиш кард, то онро тамдид намуд, то дар давоми соли оянда созишномаи нав имзо шавад. Ин идея ҷолиб аст", - қайд кард коршинос.

START III ягона Созишномаи мавҷудаи маҳдудкунандаи яроқ миёни Русия ва ИМА мебошад. Муҳлати созишнома 5 феврали соли 2021 ба итмом мерасад ва агар он тамдид нашавад, дар ҷаҳон абзоре барои маҳдуд кардани силоҳҳои бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ боқӣ намемонад.

START III - 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Дар он пешбинӣ шудааст, ки ҳарду ҷониб арсеналҳои ҳастаии худро тавре коҳиш медиҳад, ки дар давоми ҳафт сол ва дар оянда шумораи умумии силоҳ аз 700 мушаки баллистикии байниқитъавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандози вазнин, инчунин 1550 кулоҳак ва 800 партоби мустақар ва мустақаршуда зиёд набошад.