Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Муҳоҷири роҳруб бо навиштаҷоташ аз баргҳо хушк дар кӯчаҳои Подмосковие дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат пайдо кард
Sputnik

Моҳи октябри соли ҷорӣ дар кӯчаҳои Подмосковие навиштаҷоти "Ниқоб пӯшед" аз баргҳои хушт пайдо шуд. Муаллифи ин навиштаҷот муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ Ҷамшеди 33 - сола мебошад.

Дар Қазоқистон фавт аз илтиҳоби шуш ва коронавирус афзудааст

Ӯ мегӯяд, "ин дарди ниҳоят безеб аст ва мехоҳад бо ин амали худ мардумро ба эҳтиёткорӣ даъат кунад".

Ҷамшед дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни худ ибораи "ниқоб пӯшед" - ро бо истифода аз баргҳои хушк менависанд ва бо гузашти чанд муддат навиштаҷоти онҳоро мошини махсус ба ҷойи ахлотпартоӣ мебарад.

"Мушоҳида мекунам, ки пас аз навишани ин даъват, сафи одамони калонсол дар боғу хиёбонҳо коҳиш ёфт", - мегӯяд ӯ.

Ҳадаф аз навиштани ин ибора даъват намудани мардум ба эҳтиёткорӣ аст. Ҷамшед мегӯяд, пайваста ниқоб мепӯшад ва мариз ҳам намешавад.

"Бояд сабр кард ва ҳатман ниқоб пӯшид".