Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Финали қаҳрамонии Осиё дар риштаи футзал имсол баргузор намегардад

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки имсол дар назар буд, баргузор намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Марҳилаи финали Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд аз 2 то 13 декабри имсол дар Қувайт доир мегашт, ба соли оянда гузаронида шуд.

Финали Ҷоми Тоҷикистон 18 октябр баргузор мешавад

Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, Конфедератсияи футболи Осиё федератсияҳои миллии футболро ҷиҳати ба соли дигар гузаронидани марҳилаи финали Чемпионати Осиё оид ба футзал огоҳ кард.

“Бо дарназардошти афзоиши гирифторони Covid-19 дар Қувайт ва бо мақсади ҳифзи саломатии дастаҳои иштирокчӣ ва ҷонибҳои манфиатдор, КФО пас аз баррасии масъала бо ҳама ҷонибҳои дахлдор ба қарор омад, ки Чемпионати Осиё оид ба футзалро то моҳҳои март-апрели соли 2021 ба таъхир гузорад”, - омадааст дар мактуби расмии КФО.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки дар 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.