Раҳбари ВУХ Қирғизистон бо сафири тоҷик масъалаи марзро баррасӣ кард

Вазири нави умури хориҷаи Қирғизистон, Казакбеков сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, Ализодаро ба ҳузур пазируфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 октября — Sputnik. Дипломатҳои Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзи давлатиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ кишвар.

Қайд мешавад, ки вазири нави корҳои хориҷии Қирғизистон, Казакбаев сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Ализодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат Казакбаев ба ҳамсуҳбати худ дар бораи вазъи дохилии Қирғизистон гуфт. Ӯ бовар кунонд, ки вазъ дар кишвар ба эътидол даромадааст, равандҳои сиёсӣ ба майдони ҳуқуқӣ баргаштанд, қонунияти тамоми шохаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба таъмин карда шуд ва мақомоти иҷроияи он ба таври муқаррарӣ ба кор шурӯъ кард.

Равшанбек Собиров - як тоҷик дар Қирғизистон муовини сарвазир шуд

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян карданд.

Парлумони Қирғизистон Жапаровро ба мансаби сарвазирӣ тасдиқ кард

Ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ диққати махсус дода шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушуниди гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистонро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд идома ёбад.

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Қобили зикр аст, ки сарвазири нави Қирғизистон Садир Жапаров масъалаи делимитатсия ва демаркатсия кардани сарҳадотро яке аз 10 вазифаи афзалиятнок арзёбӣ кард.