Раҳмон: ғайр аз сохтмони НБО "Роғун" татбиқи боз 12 лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома дорад

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо коргарони НБО “Роғун” таъкид доштааст, ҷумҳурӣ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои кишвар ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад.

Вай гуфт, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад.

“Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати дигарон, аз ҷумла мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.  Ба ин хотир, мо ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне барқе, ки аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия истеҳсол мегардад ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он як қатор лоиҳаҳоро таҳия карда, онҳоро бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ амалӣ карда истодаем”, - зикр кард раисҷумҳур.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то имрӯз шабакаи ягонаи энергетикии кишвар таъсис дода, фаъолияти устувори низоми энергетикӣ таъмин карда шуд.

Раҳмон аз миллиардҳои сарфшуда барои бунёди НБО “Роғун” гуфт

“Натиҷаи бисёр муҳимми иқдомоти солҳои охир — истеҳсоли қариб 21 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ дар соли 2019 ва пурра бо барқ таъмин гардидани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар аст, ки нисбат ба замони сохти гузашта якуним баробар зиёд мебошад”, - қайд кард президенти кишвар.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки ҳоло дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ғайр аз лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” татбиқи боз 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 13 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Вай афзуд: “марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”, сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит, ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли нерӯи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сарбанд”, “Қайроққум”, лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи CASA-1000, “Электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон, азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд”.

Инчунин вай зикр кард, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик ба истифода додани дигар иншооти нави истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ, ба монанди бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи “Роғун-Сангтӯда”, инчунин, ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ ва назорати нерӯи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара пешбинӣ гардидааст.

Раҳмон пас аз интихобот ҷараёни сохтмони НБО “Роғун”-ро тафтиш кард

“Ҳоло корҳои вобаста ба асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии “Шӯроб” ва ҷалби маблағ барои бунёди он, омӯзиш ва омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурии нерӯгоҳҳои барқи обии “Санобод”, “Нуробод -1” ва “Нуробод -2” идома дошта, илова бар ин, вақтҳои наздик натиҷаҳои озмуни байналмилалӣ барои асосноккунии техникиву иқтисодии барқарорсозии пурраи нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” бо ҷалби маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ эълон мегарданд”, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Вай хотиррасон шудааст, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар самти пурра таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар нақши асосӣ ва бузург мегузорад.

Роҳбари кишвар илова кард, ки амалӣ гардидани НБО “Роғун” орзуи чандинсолаи сокинони кишвар ва таъмин намудани фардои ободи Тоҷикистон мебошад.