Сарвазири нави Қирғизистон дар бораи санаи истеъфои Президент ва муайянсозии сарҳад гуфт

Содир Жапаров, сарвазири навтаъйини Қирғизистон, гуфт, раисиҷумҳур Сооронбой Жеенбеков тайи ду-се рӯзи оянда ба истеъфо хоҳад рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вакилони парлумони Қирғизистон таъйини Содир Жапаровро ба мақоми сарвазири кишвар тасвиб карданд, хабар дод Sputnik Қирғизистон.

Беш аз 70% овоз доданд: КМИР интихоботро барпошуда эълон кард

Котиботи Ҳукумати Қирғизистон матни муроҷиатномаи сарвазири тавтаъйинро нашр кардааст, ки дар он 10 самти афзалиятдори фаъолияташро муайян намудаст.

“Ман тамоми талошамро мекунам, ки интизориҳоро бароварда созаму Қирғизистонро ба кишвари рушдёфта, муосир ва демократӣ табдил диҳам. Ман қотеона мегӯям, ки тамоми иқдомам ба ҳалли манофеи давлатӣ равона хоҳанд шуд”, - таъкид  кардааст Жапаров.

Ӯ тамоми нерӯҳои пешбари ҷомеаро даъват кард, ки муттаҳид шаванду кишварро аз буҳрон берун оранд.

Дар феҳрасти вазоифи аввалиндараҷааш, Жапаров ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, аз буҳрон берун кардани соҳибкории хурду миёна, пардохти нафақа, маош ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти озуқавоиро ном бурдаст.

Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон дигарбора боздошт шуд-видео

Инчунин ӯ даъват намудааст, масъулини дастандаркор дар фасод ба ҷавобгарӣ кашида шаванду муҳлати қарзҳои хориҷӣ тамдид гардад. Ӯ таъкид кардааст, раванди муайянсозӣ ва аломатгузории марз ба анҷом расонда шавад.

Ба гуфтаи Жапаров, инчунин дар ду-се рӯзи наздик Сооронбой Жээнбеков ба истеъфо меравад.

Ӯ бо ишора ба суҳбати анҷомдодааш бо раисиҷумҳур, хабар додааст, Жээнбеков баъди тасвиби номзадӣ ва анҷоми расмиёти зарурӣ давоми ду-се рӯз аризаашро хоҳад навишт.

Тазоҳурот ва тағйири ҳукумат дар Қирғизистон баъди эътирозҳои оммавӣ алайҳи натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4 октябр амалӣ шуданд.  Феълан дар шаҳри Бишкек ҳолати изтирорӣ эълон гардид.