Гул, фосила ва ниқоб: Душанбе ба интихоботи президентӣ омода аст - акс

Sputnik

То оғози интихобот дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду рӯз мондааст. Мақомот эълон кард, ки ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ комилан омода аст.

Дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи интихобот пушти сандуқҳои раъй ҳазорҳо нафар меояд, дар ҳар қадам лавҳаҳои интихоботӣ ба назар мерасад. Дар ин лавҳаҳо, ки дар биноҳои давлатӣ овезон шудаанд сокинонро мақомот  ба интихобот даъват мекунад.

Дар ҳар кӯчаву хиёбонҳо овезаҳо дида мешавад, ки дар он дар бораи панҷ номзад маълумот нашр шудааст.

Мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нозирони САҲА дар арафаи интихобот

Таъкид бояд кард, ки дар соли 2020 ба сифати номзад ба мақоми президентӣ расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар пойтахти кишвар мунтазири омадани нозирони хориҷӣ ҳастанд. Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои САҲА, ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф овардаанд.

Ҳакимов гуфт, дар Тоҷикистон пас аз интихобот амалҳои эътирозӣ ғайриимкон аст

Дар интихоботи дарпешистода дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳандагон навовариҳо ҷорӣ карда шудааст.

Барои мисол дар ҳавзаҳои интихоботӣ утоқҳо барои модару кӯдак ва пизишкон ташкил карда шудааст. Дар утоқи пизишкӣ духтуре навбатдор менишинад, ки ҳар нафар метавонад ба ӯ муроҷиат намояд.

Дар ҳоле, ки интихобот дар даврони пандемия мегузарад ба ҳамагон ниқоб, дастпӯшакҳо, худкор ва маводи безараргардонӣ дода мешавад.

Бояд қайд кард, интихоботи қабли раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 зимоми ҳукмронии давлати тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад.

1 / 16
Тоҷикистон дар интизори маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад
2 / 16
Санаи 11 - уми октябр дар кишвар маъракаи интихоботи президентӣ баргузор мешавад
3 / 16
Барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ 5 номзад вориди рақобат мешаванд
4 / 16
Маъракаи омодагӣ ба санаи муҳими сиёсӣ дер боз идома дорад
5 / 16
Ҳоло бошад Тоҷикистон расман ба интихобот омода аст
6 / 16
Роҳраву хиёбонҳо ҳама гулкорӣ карда шудааст
7 / 16
Ҳамчунин овезаҳои тарғиботӣ сари қадам ба чашм мехӯранд
8 / 16
Дар овезаҳо аз тамоми шаҳрвандон даъват мешавад, ки ба ин санаи таърихӣ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд
9 / 16
Гузашта за ин Тоҷикистон ба пешвзи нозирони байналмилалӣ низ омода аст
10 / 16
Барои иштирок дар интихоботи президенти дасти кам 122 нозирони байналмилалӣ номнавис шудаанд
11 / 16
Ин нозирон аз САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон мебошанд
12 / 16
Ба ҷузъ аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин сабқат Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустам Раҳматзода ва Мироҷ Абдуллоев иштирок мекунанд
13 / 16
Дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамчунин утоқҳои алоҳида барои занони кӯдакдор муҳайё карда шудааст
14 / 16
Инихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бо риояи тамоми талаботи бехатарӣ доир мешавад
15 / 16
Аз овоздиҳандаҳо талаб карда мешавад, ки ба ҳавзаҳои интихоботӣ бо ниқобу дастпӯш ҳозир шаванд
16 / 16
Ҳамчунин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ низ аз шартҳои асосӣ баро иштирокчиёни ин маърака гуфта мешавад