Бархӯрди маргбори се мошин дар роҳи Душанбе - Чаноқ: шарҳи ВКД-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори се мошин дар роҳи Душанбе - Хуҷанд хабар дод, ки бо марги як ҷавонзан анҷомидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 8-уми октябри соли равон, тахминан соати 12:40, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Норов Мирзодавлат, сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ду мошин бархӯрдааст. 

Ронандаи сархуш мошинашро ба дарахт заду мусофир ҷон бохт

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Норов дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" дар километри 270-ум, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадааст. Дар натиҷа ба автомашинаи дигари тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда Сафаров Худойқул, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Истаравшан, барӯрдааст. 

ВУД илова намуд, ки "Опел"-и таҳти идораи Норов баъди бархӯрд бо "Опел"-и дигар бо "Тойота-Королла Версо", таҳти идораи Тураев Сарвар, соли таваллудаш 1997, бархӯрдааст.

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Азизова Дилфуза, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоия.

Қаблан навори садамаи се мошин дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.