Отамбоев мариз аст ва назди ҷонибдоронаш натавонист ҳозир шавад

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ба сар задани нооромии шадид анҷомид. Шаҳрвандони норизо Қасри сафедро муҳосира карданд ва аз бинои КДАМ собиқ кишвардор Алмосбек Отамбоевро озод намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Интизор мерафт, имрӯз собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев назди бинои "Медиафорум" пеши ҷонибдоронаш ҳозир шавад ва бо онҳо мулоқот доир кунад.

Натиҷаи интихобот дар Қирғизистон бекор шуд

Аммо Отамбоев дар вақти муқараршуда назди тарафдорони худ ҳозир нашуд.

Зимнан, иллати наомадани Алмосбек Отамбоевро собиқ сарвазири ин кишвар Сипар Исоқов шарҳ дода, изҳор намуд, ки кишвардори пешин мариз аст ва саломатияш ба ӯ имкон надод, то бо ҷонибдорони худ вохӯрад ва мулоқот намояд.

Вазъияти Қирғизистон соат ба соат: сӯхтор дар "Кохи Сафед" ва ҷароҳати 600 тан

Ёдовар мешавем, шоми дирӯз шаҳрвандони норизо аз натоиҷи инитихоботи парлумонӣ то бинои Қасри сафед расиданд ва онро иҳота намуданд.

Ҳамчунин ба онҳо имкон даст дод, то собиқ кишвардор Алмосбек Отамбоевро низ аз бинои КДАМ раҳо кунанд.

Вазъият дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамоно ноором аст, аммо сухангӯи Сооронбой Жээнбеков изҳор доштааст, ки раисҷумҳур вазъиятро зери назорати қатъиӣ худ қарор додааст.