Даҳҳо куштаву захмӣ: боз як ҳамлаи хунини террористӣ дар Афғонистон

Ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳомили остондор Лағмон дар шарқи Афғонистон ҳашт кушта ва 30 захмӣ бар ҷой гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Садо  ва Симо, Тариқ Ариан ахиран гуфт, ки дар ҳамла ба корвони волии Лағмон Раҳматуллоҳ Ярмал чаҳор волӣ ва чаҳор ғайринизомӣ кушта шуданд ва ду муҳофизи ӯ ва 28 ғайринизомӣ  маҷрӯҳ шуданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Гуфта мешавад остондор  Лағмон низ дар ин инфиҷор захмӣ шудааст.

Абдулло Абдулло, раиси шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар вокуниш ба ин ҳамла эълом кард, ки дар шароите, ки мардум дар интизори сулҳу поёни хунрезӣ ҳастанд чунин рӯйдодҳое, ки қурбониёни он ғайринизомиён ҳастанд, мояи ноумедӣ ва нигаронӣ аст.

Ин ҳамлаи террористӣ дар ҳоле аст, ки музокироти сулҳи Афғонистон  байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон дар Дуҳаи пойтахти Қатар ба манзури поёни ҷангу даргирӣ дар Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст.