ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони олӣ дар Самарқанд зимни як нишаст қоидаи нави баргузории арӯсиро тасдиқ кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба мақомоти ҳокимият.
Ҳамин тавр, дар ин шаҳр баргузории арӯсӣ танҳо як рӯз аз соати 06:00 то 23:00 иҷоза дода мешавад.
Дар бароибари ин ба тӯйи арӯсӣ бояд на бештар аз 30 меҳмон даъват шуда бошад.
Инчунин дар бораи баргузории тӯй бояд ҳокимияти маҳаллӣ огоҳ карда шавад.
Тӯйдор бояд ҳафтаи пеш аз баргузории маросим ҳокмимити маҳҳаллиро огоҳ кунад.
"Баргузории маросимҳое чун "келин навкари", "чорлар", "ота кўрди", "сеп ёйди", "қуда чақирди", "куёв чақирди", "келин чақирди", "тоғора юбориш" иҷоза дода намешавад", - омадааст дар хабарнома.
Дар баробари арӯсӣ дигар маросимҳо низ дар давраи ҳамагирӣ танзим карда шуданд.
Аз ҷумла пас аз маросими дафн баргузории, – "етти", "пайшанбалик", "якшанбалик", "йигирма", "қирқ", "ҳайит", "йил оши", "пул тарқатиш", "мато улашиш" низ, иҷоза дода намешавад.