Ҳузури 85 нозир аз ИДМ дар интихоботи президентии Тоҷикистон

85 нозир аз ниҳодҳои мухталифи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ назорат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мақомоти Камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои назорати интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ аз ниҳодҳои мухталифи ИДМ, 85 нозир дархости дарёфт кардаанд, ки теъдоде аз ин афрод акнӯн дар Душанбе ҳузур доранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.

Бахтиёр Худоёрзода ба нозирон САҲА аз омодагиҳои интихоботӣ маълумоти пурра дод

Ин нозирони намояндагони дабирхонаи ИДМ ва маҷмаи байни порлумонии ин иттиҳод, Кумитаи иҷроии ИДМ ва маҷмаи порлумонии Русия ва Беларус ҳастанд.

Ахиран Евгений Козак, раиси Ситоди намояндагии нозирони ИДМ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо муовинони вазорати корҳои дохила ва додситонии кули Тоҷикистон раванди омодагӣ барои интихоботи рӯзи 11 октябрро баррасӣ кард.

Кормандони Ситоди намояндагии нозирони ИДМ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба вилояти Бадахшон ва бархе аз навоҳии вилояти Хатлон бо фаъолияти ҳавзаҳои интихобия, итилоърасонӣ ба мардум дар заминаи интихоботи рӯзи11 октябри соли ҷорӣ ва омодагии дастандаркорон барои таъмини шароити раъйдиҳӣ ошно шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.