Даҳшат: сокини Хоразм аз бехонагӣ ва бепулӣ кӯдаки 2 - моҳаашро дар бозор партофту рафт

Модари ин кӯдак қаблан барои ҷангу нофаҳмиҳо бо ҳамсараш, онҳоро тарк карда, ба самти номаълум рафтаст. Падар бошад, худро маст карда фарзанди 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тошканд ҷавони 32 - сола, ки сокини Хоразм мебошад, дар ҳолати мастӣ духтарчаи 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кардаст, хабар медиҳад Sputnik  Ӯзбекистон.

Ғазаби ҷавони 24 -сола пас аз ҷавоби радди хусур барои овардани ҳамсар: 4 ҳамсояро парронд

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи даҳшатбор дар бозори "Чиланзар" рух додааст. 

Манбаъ аз қавли намояндагони пулис хабар медиҳад, ки оилаи ҷавон аз зодгоҳи худ барои дарёфти кор ва зиндаги хуб ба Тошканд кӯчиданд. Аммо бехонагӣ ва дарёфт накардани ҷойи кор, оилаи ҷавонро аз ҳам ҷудо кард.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Модари кӯдак барои муноқиша ва ҷангҳои пайваста бо ҳамсараш,фарзандашро партофта, ба самти номаълум фирор кардаст.

Зимнан, падари хонавода, дар бозори "Чиланзор" машруботи спиртиро истеъмол намуда, кӯдакашро назди фурӯшандаҳои бозор гузошта, ба самти номаълум ғайб зад.

Манбаъ меафзояд, кормандони пулис ҳар ду волидони кӯдакро пайдо карда, бо дархости модари навзод ӯву фарзандашро ба вилояти Сурхандарё, назди волидонаш гусел карданд.