ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки аз 5 октябр бозкушоии парвозҳо бо дигар кишварҳо мутаваффиқ карда шавад, гуфт вазири тандурустии кишвар Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукуматӣ.
Ба гуфти ӯ ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои хориҷа, барои пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус аз 5 октябр бозкушоии марзҳо ба рӯи дигар кишварҳо бояд ба таъхир гузошта шавад ва бо мамолике, ки аллакай парвозҳои мустақим кушода шудааст, шумораи парвозҳо набояд бештар шавад.
Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки эҳтимолан парвозҳо ба ҷониби Туркия кам карда шавад.
Вазир таъкид кард, барои шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои "категорияи дуввум" аз ҷумла - Швейтсария, Бритониё, Полша, Италия, Венгрия, дигар кишварҳои Урупо, ҳамчунин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Армнаистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назорати санитарӣ ҷорӣ карда шавад.
Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд
Ҳарорати бадани мусофирон бояд санҷида шуда, пурсишнома гузаронида шавад. Ҳамчунин мусофирон бояд санади манфӣ будани ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд.
Барои кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ва Ӯзбекистон дар постҳои мошингузар низ, вазир чунин талаботро ҳатмӣ гуфт.