Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ дубора оғоз шуд
Sputnik

Санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда даргириҳо оғоз шуданд. Арманисон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додааст.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо базҳс идома дошт.

Қонунанд Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар соли 1991 баъд аз баргузории овоздиҳии умумии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон истиқлолияти ҷумҳурии  Қаробоғи Кӯҳиро касе ба расмият нашинохтааст. Таърихан дар Қаробоғи Кӯҳӣ арманиҳо зиндагӣ мекунанд.

Қарор аст, шоми 29-уми сентябр Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирориро барои баррасии ин низоъ барпо кунад, чун хатари ҷалби қудратҳои минтақавии Русияву Туркия ҳам ба миён омадааст.