ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Қазоқистон 6 хонанда мубталои маризии коронавирус шуданд, хабар медиҳад сардухтури санитарии Нурсултон Жанна Пралиева.
Ба изҳори ӯ, аз шаш хонандаи сироятёфта, 2 нафараш бидуни аломат мубтало шуда, дар чаҳор кӯдаки дигар нишонаҳои ин маризӣ пайдо шуданд.
61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия
Пралиева мегӯяд, танҳо як кӯдак ба муассисаи таълимӣ меомад ва "шояд дар мактаб мубталои коронавирус шуда бошад".
"Панҷ толибилми дигар бошад, таълими фосилавӣ мегирифтанд ва сарчашмаи ба беморӣ гирифтор шудани онҳо номаълум аст", - изҳор дошт сардухтури санитарии Нурсултон.
Гузашта аз ин, ба маълумоти ин намояндаи тандурустӣ дар Нурсултон се кӯдаки боғчарав низ гирифтори коронавирус шуданд.
Жанна Пралиева мегӯяд, агар аз замони авҷ гирифтани вируси COVID - 19, аксар нафарони аз 45 то 60 сола боло мубтало мешуданд, ҳоло бештар ин вирус кӯдакону мактаббачаҳоро "сайд" мекунад.
Бояд гуфт, ки дар Нурсултон сар аз 13 - уми март то имрӯз, 14 084 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардидааст.