161 ҳолат дар як рӯз: бад шудани вазъи коронавирус дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон пас аз як моҳи ба эътидол омадани вазъи коронавирус, боз мавориди олуда шудани сокинон ба ин маризӣ афзоиш ёфта истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар дасти кам 161 нафар тоза дардманди коронавирус шуданд.

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус хабар дод, ки аз ҳама беш шумораи гирифторон дар вилояти Ботканд ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи ахир дар ин вилоят 45 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 29 ҳолат, Ҷалолобод 23 ва Ош 33 мавриди тоза мубтало шудани сокинон ба қайд гирифта шуд.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Дар минтақаҳои дигари ин ҷумҳурӣ, сатҳи сироятёбии сокинон нисбатан камтар сурат гирифтааст.

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон шумораи умумии гирифторони коронавирус 46 251 нафар буда, ҳамчунин 1063 нафар аз замони авҷ гирифани ин маризӣ то ҳол ҷон аз даст доданд.