Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

Ду сокини шаҳри Норак бегоҳи 18 - уми сентябр дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ муноқиша намуда, яке аз онҳо ҷавони 35 - сола ҳамқадаҳи 50 - солаи худро корд зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Норак марди 35 - соларо бозздошт намуданд, ки дар расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Марди маст дар Панҷакент аз дасти ҷавони 18 - сола 7 ҳазор сомонӣ тасарруф кард

Бар тибқи хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 - уми сентябр тақрибан соати 20:10 дақиқа рух додааст.

Манбаъ меафзояд, сокинони  35 ва 50 - солаи шаҳри Норак дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ бо номи "Отамурод"- и шаҳри мазкур бо ҳам муноқиша намуда, марди 35 - сола ҳамқадаҳи худро бо корд як маротиба ба қисми чапи шикам задааст.

Саҳнаи кашола кардани духтари маст аз сӯи ҷавон ба навор афтод: ҳабсу ҷарима шуданд -навор

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.