Шуюи зукоми парандагон дар Қазоқистон

Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зуком(Influenza)-и парандагон дар манотиқи мухталифи устони Қазоқистони шимолии ин кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зукоми парандагон дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ хабар дод.

Сесад муҳоҷири дигари тоҷик аз Қазоқистон баргардонида шуданд

Бар асоси ин гузориш, дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ аз 9 то 16 сентябр марги анвои мухталифи парандагони хонагӣ сабт шуда, ки бар асоси таҳқиқоти Маркази миллии ташхис, иллати марги ин парандагон зукоми шадид будааст.

Қазоқистон мутобиқ бо қавонини тасвибшуда дар мавриди шуюи ин навъи беморӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошти ҳайвонот хабар додааст.

Тибқи гузориши вазорати кишоварзии Қазоқистон, Кумитаи контрол ва назорат бар домпзишкии ин кишвар ба сурати муваққат содироти мурғи зинда ва тухми мурғ, пари мурғ, гӯшти мурғ ва анвои маҳсулоти омодашуда аз парандагон, маводи ғизоии парандагон ва ҳамчунин таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва зибҳи ононро дар манотиқи олуда, мамнӯъ кардааст.

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

Қазоқистон ҳамчунин ба далели зукоми парандагон маҳдудиятҳои марзӣ бо Русия эъмол кардааст, аммо ба гуфтаи коршиносон ва донишмандон, ин беморӣ натанҳо аз тариқи содироти колоҳои муртабит, балки аз тариқи парандагони муҳоҷири ваҳшӣ низ метавонад густариш ёбад.