Натиҷаи музокироти Тоҷикистону Афғонистон: баёнияи ВУХ аз натиҷаи мулоқоти ҳайатҳо

Тоҷикистон ба густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҳайатҳоро мутаносибан Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон Ҳаниф Атмар роҳбарӣ карданд.

“Баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, инчунин табодули афкор дар мавриди вазъи минтақа ва ҷаҳон меҳвари мулоқоти Душанберо ташкил доданд”, - таъкид доштааст ВУХ Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарони ҳайатҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон барқарор шуд

Ҳамзамон, дар мулоқот зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

“Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд”, - зикр кардааст ВУХ Тоҷикистон

Гуфта шудааст, ки Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

“Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки 12 сентябри 2020 дар Давҳа оғоз гардид, истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад”, таъкид доштааст вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Инчунин Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.

Тоҷикистон зарур медонем, ки барои нобуд сохтани пойгоҳҳои террористон, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва қочоқчиёни маводди мухаддир иқдомҳои муштарак роҳандозӣ хоҳад шуд.

Вазорати хориҷа афзудааст, ки Тоҷикистон моил аст, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба бо Афғонистонро таҳким ва вусъат бахшад.

“Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо пешнависи чандин санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд”, - зикр кардааст ВУХ.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар ҳамкории ду кишвар соҳаи энергетика аз самтҳои авлавиятнок ба шумор меравад.

“Тоҷикистон омода аст барои таъмин ва афзоиши интиқоли мунтазами нерӯи барқ ба Афғонистони ҳамсоя тадбирҳои лозимро андешад. Дар ин замина ҳамкории ду кишвар дар амалисозии муштарак ва ҳарчи зудтари пружаи минтақавии КАСА-1000 аҳаммияти фаровон дорад”, - афзуд манбаъ.

Мақомоти Тоҷикистон талош дорад, ки долонҳои нави нақлиётӣ байни ду кишвар сохта шаванд ва лоиҳаҳои мутақобилан судманди минтақавӣ амалӣ гарданд.

Дар робита ба ин, эҷоди долони транзитии KTAI (Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон)-ро ҳаматарафа ҷонибдорӣ карда, баҳри фаъолияти босамари он ҳамаи шароитҳои заруриро муҳайё менамояд. 

Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт

Дар чаҳорчӯби барномаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ВУХ Тоҷикистон зикр кардааст, ки тарҳи роҳи оҳани қитъаи Ҷалолиддини Румӣ - Панҷи Поён ва пули роҳи оҳан дар болои дарёи Панҷ то Қундуз мувофиқат гардидааст ва ба қарибӣ сохтмони он шурӯъ мешавад.

“ Он як ҷузъи роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон гардида, ба долони байналмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” пайваст мешавад”,- таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин вазорати хориҷа илова кардааст, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.  

Манбаъ қайд кардааст, ки Тоҷикистон ва Афғонистон кишварҳои дорои пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ мебошанд. Тоҷикистон омода аст ёрии худро ба Афғонистон дар таҳия намудани кадрҳои миллӣ идома диҳад.

Ҳоло дар донишгоҳҳои Тоҷикистон садҳо донишҷӯи афғон дар асоси бурсияҳои ҳукумати Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд.

ВУХ иттилоъ додааст, ки дар поёни мулоқот дар ҳузури роҳбарони ду ҳайат Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба имзо расид.