Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президенти мо: Эмомалӣ Раҳмонро фаъолони маркази ӯзбекони Суғд дастгирӣ карданд

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.