Ҳалокати хонандаи синфи 9 аснои дарс: омӯзгорон мегӯянд тасф надошт

Ҳодисаи фоҷеабор дар яке аз макотиби вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон рух додааст. Масъулони мактаб мегӯянд, хонандаи синфи 9, саҳар аснои ба дарс омадан бардам буд, вале дар дарси сеюм баногоҳ беҳуш шуд ва дигар ба худ наомад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон хонандаи синфи 9 - ум аснои дарс беҳуш шуд ва дигар ба худ наомада, фавтид.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад
Бар хабари Sputnik Ӯзбекистон, ҳодисаи нохуш дар нахустин рӯзи соли хониш, дар мактаби рақами №11 дар ноҳияи  Шараф - Рашидов рух додааст.

Коронавирус дар тирамоҳ: чӣ гуна кишварҳои ИДМ алайҳи ин маризӣ мубориза мебаранд

Ба изҳори масъулони ин мактаб, толибаи марҳум, саҳар аснои вориди мактаб шудан тасф надошт ва худро хуб ҳис мекард.

"Дар ҷараёни дарс ҳама фаъол буданд, танҳо ӯ камфаъолтар буд ва фақат менавишт. То занги баромад ҳамагӣ 15 дақиқа боқӣ монд, ки баногоҳ духтар беҳуш шуда ғалтид. Ҳамаи хонандаҳоро аз синф берун баровардем ва ҳамшира ба кӯмаки ӯ шитофт, вале кӯшишҳои ӯ натиҷа надод", - изҳор доштааст Дилдора Худойбердиева муаллимаи хонандаи марҳум.

Зимнан, ҳодисаи нохушро ҷонишини ин мактаб Дилноза Ҳотамова низ шарҳ дода, афзудааст, ки саҳар қабл аз ворид шудан ба мактаб дар берун ҳарорати бадани ҳамаи толибилмонро санҷиданд.

Ба гуфтаи ӯ, ягон хонанда тасф надошт ва ҳама сиҳат буданд.

Манбаъ меафзояд, феълан барои муайян намудани омили беҳуш шудан ва ҷон бохтани хонандаи синфи 9, тафтишот идома дорад.