ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Марзбонони қирғиз дар рафти азназаргузаронии ҳудуди наздимарзӣ ду порча кишти ғайриқонунии бангдонаро ошкор карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлати марзӣ.
Як кишти маводи мухадирро дар Ҷалилобод ва дувумро дар вилояти Бодканд ошкор карданд. Ҳарду кишт ҳам дар минтақаи марзӣ, яке бо Ӯзбекистон ва дигаре дар Тоҷикистон қарор доштааст.
Ба макони "бозёфт" низомиён мутахассисонро даъват карданд. Масоҳати умумии кишт 6, 5 гектарро ташкил додааст.
Амалиёти “Кукнор-2019”: дар Бадахшон 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд
Пас аз ташхис марзбонон растаниро оташ заданд.
Вазни умумии бангдона 7 тоннаро ташкил додааст.