Оё "Новичок" тақдири "Ҷараёни шимолӣ - 2"-ро ҳал мекунад?

Ин аввалин бор дар таърихи муосир аст, ки як давлати бузург дар нисбати рӯйпӯш кардани амалиёти дурӯғгӯйии худ бепарвоӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Берлин ба ҳар ҳол тавонист Русияро ҳайрон кунад ва на танҳо Русияро. Изҳороти ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки ташхисгоҳи Бундесвер бо дастури бемористони "Шарите" таҳлили Алексей Навалнийро омӯхта, осори истифодаи "моддаи заҳролуди "Новичок”-ро муайян кард, бисёриҳоро хурсанд намуд.

“Бо силоҳ хона ба хона рафтанд”: ғалабаҳо ва иштибоҳҳои маъмурияти низомии ИМА дар Ироқ

Хоҳ-нохоҳ ин аввалин бор дар таърихи муосир аст, ки як давлати бузург дар нисбати рӯйпӯш кардани амалиёти дурӯғгӯйии худ бепарвоӣ мекунад.

Сиёсати ҷаҳонии ду даҳсолаи охир боварҳоро, ки дурӯғи рӯйрост барои давлатҳо густохист, нобуд кард. Давлатҳо метавонанд, аз зиракӣ, калавидану суханпардозиҳо кор баранд, аммо аз дурӯғи якмаром бояд худдорӣ кунанд. Аммо намекунанд, агар ин барояшон муфиду зарур бошад.

Қоидаҳои бозӣ то ҳол талаб мекарданд, ки дурӯғ ақаллан боварибахш бошад  - гарчанде на барои мутахассисон, ҳадди ақал барои ҷомеа. Барои ҳамин саргузашти найчашишаи Колин Пауэлл машҳур шуд: котиби давлатии ИМА эълон кард, ки Саддом Ҳусейн заводҳо "дар чархҳо ва дар релсҳои роҳи оҳан барои тавлиди силоҳи биологӣ" дорад ва барои тасдиқи суханони худ як шишачаеро, ки дар дарун хокаи номаълум дошт, нишон дод — ва ҷаҳон ба гапи ӯ бовар кард.

Пешвои мухолифин дар Черногория таҳримҳои зидди Русияро иштибоҳ хонд

Заҳрхӯронии Скрипалҳо барои одамони одӣ намоиши хеле таъсирбахш шуд. Вақте ки коршиносон ба ихтилофот ва зиддиятҳои тафсири бритониёҳо ишора карданд, ҷомеа криминологҳоро дар скафандрҳо, ҷойҳои иҳотакардаи  шаҳрро, хонаҳои тахрибшуда ва одамони ба беморхона гузошташударо мушоҳида карданд. Сенарияи ҳамлаи кимиёвӣ дар маркази Аврупо барои оламоне, ки даҳҳо филмҳои Ҳолливудро тамошо кардаанд, хеле боварибахш менамуд.  

Акнун Олмон ба саҳна баромада, тафсири заҳролудшавии Навалнийро содир кардааст, ки то ҳатто одами соддатарин ва зудбовартарин, ки ба кимиё, тиб ва илмҳои криминалистӣ ягон иртибот надорад, бо эътимод мегӯяд: "Бовар намекунам!".

Гуфтан душвор аст, чӣ чиз дар ривояти пешниҳодкардаи олмониҳо аҷоибтар мебошад. Оне, ки заҳри низомии сахт марговар, паиҳам дар куштани одамони барои мақомоти Русия нолозим, натиҷаи даркориро намедиҳаду онҳо боисрор истифодаашро давом медиҳанд; ё "Новичок", ки барои он қариб Солсбериро тахриб мекарданд, алайҳи Навалний дар ҳавопаймо истифода шудааст ва ин ба дигар мусофирон, табибон ва дигар атрофиёнаш таъсир накард; ё ин ки Русия барои табобати блогер дар хориҷа иҷозат дод — шояд барои он, ки дақиқан заҳр ёфт шаваду кишвар дигарбора дучори моҷарои байналмилалӣ гардад.

Грозин оиди пойгоҳҳои ҳарбии Чин дар Тоҷикистон: ин танҳо бо ризояти Кремл имконпазир аст

Мутахассисон ҳам хомӯш нестанд. Онҳо рӯйрост мегӯянд, ки зуҳури клиникии заҳролудшавӣ тамоман дигар аст, "гурӯҳи заҳри "Новичок" умуман вуҷуд надорад, аммо Берлин ҳамкорӣ ва пешниҳоди маълумотро, ки ақаллан ба тасдиқи изҳороти ӯ имкон медод, рад мекунад.

Дар натиҷа, Ҷумҳурии Федеративии Олмон  дурӯғеро паҳн кард, ки барои ҳама комилан маълум буд ва нахост бо шакли боварибахш кӯшиш кунад, пешниҳод кунад. Ин саволи муҳимтаринро пайдо мекунад: чаро ин кор ин хел карда буд? Охир, онҳо метавонистанд дигаргуна амал кунанд. Ҷавоби осонтарин ошкор аст: таҳримоти нав дар оянда мешаванд. Русия ҳоло одат кардааст, ки онро беасос барои қабули чораҳои нави маҳдудкунӣ  ба ҷиноятҳои даҳшатнок айбдор мекунанд. Аммо дар ҳақиқат, ки ин чораҳо асосан бетаъсир мебошанд, одатшуда аст.

Як долларро 11,3 сомонӣ мехарид: ҷазои Нуриддинов барои доллархарӣ

Аммо, мумкин ҳодисаи ҳозира истисно мешавад, чунки Олмон барои Русия як  "ҷазои" ҳақиқатан дардоварро дорад — бастани лоиҳаи "Ҷараёни шимолӣ-2". Ин мавзӯъро якбора, баъди маълум шудани "ташхис"-и Навалний, сиёсатшиносони амрикоӣ ва баъзе сиёсатшиносони олмонӣ шарҳ доданд.

Бештар аз ин, он чизе, ки воқеъ шуда истодааст, метавонад ба он ишора кунад, ки ИМА ба ҳадафи худ расиданд ва мақомоти Олмонро маҷбур карданд, ки аз сохтмони қубури газ даст кашанд. Ва ба ҳамин сабаб амалиёти "Новичок-2" ба таври тамоман бепарво амалӣ карда мешавад, ки ҳама фаҳмад, ки гап дар заҳролудшавии блогер нест, балки дар пирӯзии бузурги геополитикии Вашингтон аст.

Аммо Берлин чун пештара изҳор медорад, ки қазияи Навалний ва сохтмони "Ҷараёни шимолӣ-2" аз ҳам ҷудо медонад. Ва имрӯз ин нуқтаи назарро раиси конференсияи амниятии Мюнхен ва сарвазири Бавария ҳам ҷонибдорӣ карданд.

Шӯрои амнияти Русия: 75% - и ҳамалоти кибериро ИМА анҷом медиҳад

Пас аз он бармеояд, ки натиҷаи афсонавии эълонкардаи кимиёшиносони Бундесвер на ояндаи ҳалшудаи "Ҷараёни шимолӣ-2"-ро инъикос мекунад, балки муборизаи давомдор дар дохили элитаи Олмон - тарафдорони мустақилияти миллӣ ва ҷонибдорони Амрикоро. Омади гап, низомиёни олмоние, ки бо ИМА бо сохторҳои НАТО зич вобаста ҳастанд, эҳтимолан ба охирин мансуб ҳастанд.

Ва ҳарзаи калонтарини ҳодисаҳои охир ба суди нерӯҳои дифоъкунандаи соҳибихтиёрии Олмон аст, ки ҳуқуқи мустақилона муайян кардани ояндаи худ, бе маслиҳат аз хориҷаро ҳимоя мекунанд.  Азбаски чизеро барои дар баробари рақибони дохилӣ гузоштан надоранд, ташаббусро ба даст гирифтан ва ба натиҷаи дилхоҳ расонидан маъно дорад.

Оё онҳо дар ин кор муваффақ мешаванд ё не, дар ояндаи наздик маълум мегардад.