Роналду бе ниқоб буд ва ба ӯ эрод гирифтанд - вокуниши ӯ: видео

Криштиану Роналду
Дар майдон мунтахаби Хорватия ва Португалия рақобат мекарданд. Ҳамлагар Криштиану дар бозӣ набуд ва рақобатро аз трибун тамошо мекард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Аз капитани мунтахаби Портулагия ва ҳамлагари дастаи "Ювентус" Криштиану Роналду хоҳиш карданд, ки ниқоб пӯшад, менависад нашриёти варзишии Sport24.

Рӯзи 5 сентябр дар майдони "Драгау" - и Порт бозии Португалия ва Хорватия дар доираи сабқати Лигаи миллӣ баргузор шуд.

Ин вохӯрӣ ба набуди Криштиану нигоҳ накарда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи дастаи Португалия анҷом ёфт.

Фунты стерлингов, архивное фото
Бахти баланд: мард барои ҳамсари бемораш лотерея харид ва миллионер шуд

На Мессиву на Роналду: имсол "Тӯби тиллои"-ро ба ҳеҷ кас намедиҳанд

Дар баробари ин Криштиану аз ҷои мухлисон ҳамкорони худро дастгирӣ мекард. Лаҳзае, наворбардор Криштиануро сабт кард. 

Маҳз дар ҳамон лаҳза ба назди Криштиану кормандони майдони варзишӣ омада ба хотири риояи қоидаҳои бехатарӣ, хоҳиш кард, ки ӯ ниқоб пӯшад.

Варзишкор даррав ба тавсияи ӯ гӯш дод. Ҳамаи тамошобинон бо ниқоб нишаста буданд.