Боздошти 15 мошини дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон

Мақомоти пулиси Қирғизистон ду корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Қара-Сууси вилояти Оши ин кишварро боздошт карданд, ки дар гусели мошинҳои дуздидашуда ба Тоҷикистон муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон, кормандони пулиси ноҳияи Қадамҷой 15 мошини дуздиро дар роҳ ба Тоҷикистон боз доштаанд.

Воридоти мошин ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Sputnik Қирғизистон   дар такя ба манобеяш аз мақомот гуфтааст рӯзи 27 август, тахминан соати 10:00 дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд шаҳрвандоне дастгир карда шуданд, ки 15 автомашинаи дуздидашударо ба Тоҷикистон интиқол медоданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ду тралро (Нақлиёти махсуси боркаш, сабукравҳоро интиқол медиҳад) кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳамроҳӣ мекардаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки дар тралҳо мошинҳои солҳои бароришашон 2019 ва 2020 буда, аз Русия тавассути Қазоқистон ба Бишкек оварда шуданд ва мебоист вориди Тоҷикистон мешуданд.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, кормандони Кумитаи амният замони ҳамроҳии трали мошинҳои рабудашуда боздошт мешавад.

Тралҳо дар посгоҳи “Сосновка” чор рӯз ва дар ноҳияи Сузакии вилояти Ҷалолобод ду рӯзи дигар боздошт шудаанд,  дар ҳарду ҳолат озод карда шуданд, афзудааст манбаъ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, се мошин аз соҳибонашон рабуда шуда, боқимонда дар гаравхонаҳо ҳамчун гарав будаанд.

Соҳиби мошин фанд хӯрд: зани 42-сола мошини 20 ҳазор доллараро гирифту пул надод

Гуфта мешавад, ҳоло нисбати боздоштшудаҳо аз ҷониби прокуратура парванда боз шуда, ронандаи яке аз тралҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳ қарор дорад.