Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои рақобат бо Ӯзбекистон озими Тошканд шуд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои рақобати дӯстона бо яккачини Ӯзбекистон субҳи имрӯз вориди Тошканд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайти тими миллӣ пеш аз сафар аз тести коронавирус гузаштанд, ки натиҷаи он манфӣ баромад. 

Эҳсони Панҷшанбе – “беҳтарин футболбози Тоҷикистон” ба Ӯзбекистон меравад

Ба иттилои манбаъ, ҳайати яккачини кишвар иборат аз 23 бозигар бо сармураббии мунтахаб Усмон Тошев ба Ӯзбекистон рафтаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамлагари бошгоҳи “Хуҷанд” Дилшод Бозоров, ки дар рафти тамрини охирин лат бардошт, ба ҳайати дастааш баргашт.

Ҳимоятгари “Бундёдкор” Давронҷон Эргашев бошад  дар Тошканд ба ҳайати тими миллӣ мепайвандад.

Манбаъ мегӯяд, дарвозабон Рустам Ятимов бо сабаби гирифтани корти сурх дар бозӣ бо Малайзия дар ин дидор иштирок намекунад. 
Ёдовар мешавем, бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Ӯзбекистон рӯзи 3 сентябр соати 19:00 дар варзишгоҳи "Локомотив"-и Тошканд доир мегардад.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Узбакистон аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев (Л”окомотив-Помир”), Қурбоналӣ Бобоев (“Куктош”);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама – “Истиқлол”), Манучеҳр Сафаров (“Локомотив-Помир”), Хуршед Бекназаров ва Алишер Баротов (Хуҷанд);

Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе ("Навбаҳор", Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама - "Истиклол"), Илҳом Баротов ("Истаравшан"), Умарҷон Шарифов (“Хатлон”) "Шарафҷон Солеҳов (“Файзканд” ), Комрон Турсунов (“Моҳун Баган”, Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев (“Душанбе-83”);

Бозии Тоҷикистон - Ӯзбекистон: ҳайати тими миллӣ маълум шуд

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз “Истиқлол”), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз “Хуҷанд”).