Афзоиши шумори қурбониёни сел дар Афғонистон

Теъдоди қурбониёни сели рӯзи чоршанбе дар се вилояти Парвон, Каписо ва Кобули Афғонистон ҳамчунон меафзояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Муҳаммадқосим Ҳайдарӣ, муовини вазири давалат дар умури ҳаводиси Афғонистон гуфт, шумори талафоти сел ба 151 нафар расида, аммо ин рақам омори ниҳоӣ нест, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши Садо ва симои Эрон.

Обхезии шадиди марговар дар Афғонистон: аксҳо аз маконҳои зарардида

Гуфта шудааст, ки ҳанӯз арзёбии дақиқе аз мизони хисороти сел низ сурат нагирифтааст.

Тамим Азимӣ, сухангӯи вазорати умури ҳаводиси Афғонистон низ дар ин нишасти хабарӣ шумори маҷруҳони селро низ ҳудуди 250ӣ ҳазор нафар эълом кард ва афзӯд, талафоти сел дар вмлояти Парвон байни 85 то 100 нафар аст.

Пас аз Парвон, Кобул бо 19 кушта ва Кописо бо 17 кушта бештариниталафоти селро доранд.

Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва наҷоти афроди дармонда дар манотиқи селзада ҳамчунон идома дорад.